НОВОСТИ
Занони ноҳияи Дарвоз ва шаҳри Хоруғ: Дар мо хушунати хонаводагӣ ва зӯроварӣ нест!
2018-10-30 14:29:45
Гузориш аз зиндагии занони ноҳияи Дарвоз ва шаҳри Хоруғ Дар ноҳияи Дарвоз аз 12 ҳазору 35 нафар сокинон 1 ҳазору 769 нафар бекорон ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора 19-уми октяб Гулбаҳор Шехова, роҳбари Шӯъбаи агентии меҳнат ва шӯғли аҳолии ноҳияи Дарвоз дар мулоқот бо хабарнигорон гуфт. Рӯзҳои 19 ва 20-уми октябри соли равон як гурӯҳ хабарнигорон аз пойтахт барои шинос шудан бо вазъи занонба ноҳияи Дарвоз ва шаҳри Хоруғ сафар кардем. Вақте мо дар Кохи фарҳанги ноҳияи Дарвоз бо занони минтақа мулоқот намудем, дар толор занон ва духтарони ҷавон иштирок доштанд, ки аксарашон дар сатҳи роҳбарӣ фаъолият мекарданд. Дар мулоқот бо мо занон аз ҷо надоштани хушунат ва зӯроварӣ дар оила суҳбат карда, гуфтанд, дар ноҳияи Дарвоз ҳаст ҳолатҳое, ки миёни хушдоману келин як нофаҳмӣ мешаваду халос. Ба гуфтаи масъулиндар ҳолати муроҷиати ягон зан бо мушкилоти хонаводагӣ онҳо бо хонаводаи шавҳараш суҳбат карда, бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ масъаларо сари вақт ҳал мекунанд. Намегузоранд, ки кор то ба ҷудоӣ расад. Дилором Амрихудоева, роҳбариСАҲШ-и ноҳияи Дарвоз мегӯяд, давоми соли ҷорӣ 5-ҳолати талоқ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 3-тоаш бо сабабҳои безурётӣ мебошанд. Ба гуфтаи ӯ ин 5-оила бо ҳам аз 9 то 11-сол зиндагӣ карда, дар соли 2017 бошад 18-ҳолати талоқ ба қайд гирифта шудааст ва ин ҳам оилаҳое буданд, ки солҳои қаблӣ тариқи шариъат ҷудо шуда, соли 2017 қонунан никоҳи худро бекор кардаанд. Зарина Мирзозода, муовини раиси ноҳияи Дарвоз мегӯяд, буд ҳолате, ки шавҳар ҳамсари худро фиреб дода, никоҳашонро бекор кардаанд.: “Ба мо як духтар муроҷиат кард, ки шавҳараш дар Русия мебошад ва барои шаҳрвандии онҷоро гирифтан бояд бо ҳамсараш никоҳашро бекор кунад. Ҳарчанд мо бо он зан гуфтем ба ин розӣ нашавад. Вале ӯ моро гӯш накарда, бо розигии худ баёноташро дод. Як моҳ пас фаҳмидем, ки шавҳараш талоқашро додааст. Зан соҳиби 3-фарзанд буд, пас аз ин ҳодиса як фарзандаш, ки маъюб буд, фавтид ва ҳозир иҷоранишин мебошад. Бо мусоидати мо ҳоло як писараш дар хонаинтернати Рушон таҳсил мекунад”. Ба гуфтаи занони ноҳияи Дарвоз аҳолии ноҳия хурд буда, дар ҳоли ягон нофаҳмӣ дар оила, ҳама ҷамъ шуда, масъаларо ҳал мекунанд. Дар ноҳия 49 мактаб буда, роҳбари аксари мактабҳо бонувон мебошанд. Ба гуфтаи Гулбаҳор Шехова, роҳбари Шӯъбаи агентии меҳнат ва шӯғли аҳолии ноҳияи Дарвоз аз 1769 нафар бекорон, 609 нафар зан ба онҳо муроҷиат карда, “то имрӯз 140 нафарашонро ба хотири соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар курсҳои бозомӯзии дӯзандагӣ, қуроқдузӣ давоми 2-3 моҳ ҷалб намудем. Имрӯз аксари духтарони мо дар хонаҳои худ гулдӯзӣ, пухтупаз мекунанд. Ҳамчунин мо бо ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорем ва тибқи барномаҳои онҳо занони мо дар курсҳои занбурпарварӣ, чорводорӣ низ ҷалб карда мешаванд”. Ба гуфтаи масъулин дар ноҳия Дарвоз 10-ҳазору 35 зан ва 12-ҳазор мард мебошад ва нисбати мардон занону ҷавондухтарҳодар фаъолият пешсаф мебошанд: “Гарчанде шавҳарони онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳам бошанд, занҳои мо кушиш мекунанд, зироаткорӣ карда, маҳсулоти худро ба бозор бароранд. Илова бар ин духтарони мо ҳамаашон таҳсил карда, баъд шавҳар мекунанд. Агар ба ягон донишгоҳ ё донишкада таҳсил нокарда, шавҳар кунад, пас аз шавҳар кардан низ таҳсил мекунанд”. Дар ин вохӯрӣ зикр гардид, ки имрӯз дар бозори ноҳияи Дарвоз тамоми маҳсулоти худиро занон ба фурӯш баровардаанд. Ҳамчунин дар мавриди имтиёз ба афроде, ки пас аз ҳабс озод мешаванд, суҳбат рафт ва гуфта шуд, ки ҳангоми барои кор муроҷиат кардан, ҳамчун бекор онҳоро ба қайд мегиранд. Ва давоми 3-моҳ ба онҳо ба маблағи 400-сомонӣ кумакпулӣ дода мешавад. Ба гуфтаи масъулон дар соли ҷорӣ ҳолатҳои нашъамандӣ, сигоркашӣ ва фоҳишагии занон дар ноҳия ба қайд гирифта нашудааст. Рӯзи дигар, санаи 20-уми октябр бошад ба шаҳри Хоруғ сафар кардем, дар мулоқот бо мо наварусон аз нақшаҳои худ қисса карда, гуфтанд дар шаҳр бештари занон танҳо 2-фарзанд таваллуд карда, онҳо хуб тарбия мекунанд ва тамоми шароитро барои онҳо муҳайё мекунанд. Ҳоҷатбегим Асматуллоева, раиси Ҷамоати Ниводак гуфт, дар давоми зиндагиаш надидааст, ҳолате, ки ягон зан дар шаҳри Хоруғ худро барои хушунат ва ё зӯроварӣ ба дор овехта бошад. Ба гуфтаи ӯ хушунати хонаводагӣ дар шаҳри Хоруғ ҳаст, вале хеле кам мебошад: “Аз солҳои қаблӣ дар як хонавода 4-5 келин зиндагӣ мекарданд ва мо ҳама гапи хушдоману хусурро гӯш мекардем. Маҳз ҳамин буд, ки зиндагии ҷавонон хуб мегузашт. Хушдоман бояд роҳнамоӣ келин бошад, чунки келин ба хонаи бегона одат накардааст. Вақте писаронам бо келинҳоям ҷанг мекунанд, ман тарафи келинҳоямро мегирам”. Ба гуфтаи занони шаҳри Хоруғ, дар оилаҳои онҳо аввал бояд духтар таҳсил карда, баъд шавҳар мекунад. Ҳамчнунин бо нақли онҳо дар шаҳри Хоруғ чунин нест, ки бе розигии духтар ӯро ба шавҳар диҳанд. Чуноне гуфта шуд ягона мушкилии шаҳри Хоруғ ин бекорӣ мебошад. Дар шаҳри Хоруғ 16 ҳазору 968 зан ва 30 ҳазору 999 мард бақайд гирифта шуда, дар соли ҷорӣ 10-ҳолати талоқ сабт шудааст. Масъулин сабаби инро дар муҳоҷирати меҳнатӣ  ва бефарзандӣ арзёбӣ карданд. Руқияи Давроншо, сармуҳаррири Оинаи зиндагӣ мегӯяд, ҳаст ҳолатҳое, ки миёни келину хушдоман нофаҳмӣ шавад, вале шумораашон хеле кам аст: “Вақте ба мо муроҷиат мекунанду мо онҳоро оштӣ мекунонем, бовар кунед зиёд хурсанд мешаванд. Барои пешгирӣ аз ҳама нофаҳмиҳо дар оила мо тариқи телевизион барномаҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем. Вақте ҳар бегоҳ ба ҷамоатхонаҳо меравем, воиз дар мавриди хонавода суҳбат мекунад. Ҷавонон албатта гӯш мекунанд”. Гулнора Амиршоева, муассиси ҳафтаномаи “Вечёрка” ва ташкилкунандаи ин мулоқот мегӯяд, ҳадаф аз ин вохӯриҳо шинос шудан аз мушкилиҳои занони дур аз пойтахт мебошад: “Эътилофи бонувони журналистони Тоҷикистон бо ҳамроҳии ҳафтаномаи Вечёрка тасмим гирифтем, ки бо гурӯҳи хабарнигорон ба минтақаҳои дур аз пойтахт сафар карда, аз вазъи зиндагиашон огоҳ шавем. Мехоҳем бо чашми худ зиндагии онҳоро бубинем. Зеро бештари хабарнигорон дар пойтахт фаъолият дошта, аз мушкилии занони дур аз марказ бехабар мемонанд.Ин аввалин сафари мо ба ноҳияи Дарвоз ва шаҳри Хоруғ буд”. Ба гуфтаи Амиршоева тасмим доранд, ки то охири сол ба шаҳри Хуҷанд, Исфара, Кӯлоб, Восеъ, Қурғонтеппа сафар кунанд: “Ҳамчунин дар сафар мо бо ху ҳуқуқшинос, равоншинос ва табибро мегирем, ки ба занони минтақаҳои дур маслиҳатҳои ройгон медиҳанд. Мо ҳафтаномаи махсусро бо номи Фурӯғ чоп кардем, ки дар он маслиҳатои гуногун барои занон чоп шудааст. Китобчаҳои махсус дорем, ки дар он шумораи телефонҳои тамоми вазорату идораҳое ҳаст, ки дар ҳолати лозимӣ занон метавонанд бо ин нафарон дар тамос шаванд”. Миҷгона Халимова Ин макола бо дастгирии молиявии cафорати Иёлоти Муттахидаи Амрико дар Точикистон нашр шудааст
Мушкили аслии маҳбаси занона камбуди ҷойи кор будааст
2018-10-30 11:31:40
Гузориш аз муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак. “Дар Муассисаи занонаи шаҳри Норак маҳбусон дар давоми 3-моҳ 10 тонна макарон истеҳсол мекунанд” гуфт зимни суҳбат бо хабарнигорон Парвиз Асадуллозода, сардори Муассисаи ислоҳии занонаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Норак. Воқеан, 25-уми октябр,вақте як гуруҳ хабарнигорони Эътилофи бонувони журналистони Тоҷикистон  бо ҳадафи шиносоӣ бо шароити маҳбаси занонаи шаҳри Норак вориди он гардиданд, ҳавлии маҳбасхонаро тозаву озода дарёфтанд. “Ин ҳама кори дасти занон мебошад” гуфтанд ба мо масъулини маҳбас. Бо пешниҳоди хабарнигорон онҳоро аввалтар аз ҳама бо шароити занони бемори маҳбас шинос намуданд. Маълум гардид, ки дар беморхонаи муассиса 25 занон бо бемориҳои гуногун бистарӣ будаанд. Гулнисо Сафоева, сардухтур муассиса зимни суҳбат бо мо гуфт, табобати маҳбусон ройгон буда, дар ҳолати зарурӣ аз кӯмаки пайвандонашон низ истифода мешавад. “Ин кӯмак дар ҳолатҳои истисноӣ ва барои овардани доруҳое ифода меёбад, ки дар дорухонаи муассиса вуҷуд надоранд” изҳор намуд Гулнисо Сафоева. Дар идомаи шиносоӣ бо шароити маҳбас хабарнигоронро ҳамчунин ба шароити бонувоне ошно намуданд, ки дар муассисаи мазкур ҳамроҳ бо фарзандонашон қарор доранд. Занони маҳбус дар тан либосҳои махсус бо мо хеле самимона вохӯрӣ намуда, дар якҷоягӣ бо фарзандонашон ба назди мо меомаданд. Аз гуфтаи онҳо бармеомад, ки дар ин ҷо мушкили хосе надоранд. “Мушкил танҳо ин аст, ки мо дар шароити одамони озод нестем, аммо муҳлати маҳбасӣ барои мо сабақи дигар дод. Худо хоҳад бо тамом шудани муҳлати ҷазо зиндагии дигаре хоҳем дошт” мегуфтанд бонувон. Ҳолати дигаре низ барои хабарнигорон таъсиргузор буд. Сардухтури муассиса маълумот дод, ки “яке занҳо бояд 1-уми ноябр озод шавад, вале ду рӯз қабл аз ин, ин бону духтар таваллуд кард. Модараш мехоҳад номашро Озода ё Сардор гузорад” гуфт Сафоева. Дар маҷмӯъ, заноне, ки ҳамроҳи фарзандонашон адои ҷазо менамоянд, 18 нафар буда, дар отряди алоҳида ҷойгир шудаанд. Барои кӯдакон хонаи алоҳида бо бозичаҳо, ҳаммом, хоҷатхона, утоқи хоб ва дар ҳавлӣ майдончаи бозӣ таъмин шудааст. Дар ин даста занон танҳо бо нигоҳубини фарзандони худ ва тоза кардани гирду атроф машғуланд, - мегӯяд сардухтури муассиса ва бонувон инро тасдиқ менамоянд. Ба гуфтаи Рустам Бойбалазода, муовини Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия фарзандони занони маҳбус то 3-солагӣ бо модарони худ дар маҳбас буда метавонанд. Пас аз ин муҳлат тифлакон барои нигоҳубин ба хешовандонашон фиристода мешаванд. Дар ҳолати рад кардани хешовандони маҳбусон, кӯдакони онҳоро ба хона -интернатҳо то вақти адои ҷазои модаронашон месупоранд. Қобили зикр аст, ки бисёрии бонувон дар муассиса касбу кор омӯхта, ба онҳо дӯзандагӣ, пухтани шириниҳо, истеҳсоли макарон ва гулдузӣ омӯзонида мешавад. Маҳбусони сехи қаннодӣ бо қаноатмандӣ мегуфтанд, ки “дар рӯзҳои иду ҷашн ва зодрӯзи маҳбусин торту шириниҳо омода мекунем”. Дар сехи дӯзандагии маҳбас бошад, занон бо дӯхтани либосҳои занона, либосҳои ҳарбӣ, матрасу хилъат ва рӯйпӯши ҷойгаҳ машғул буданд. Масъулин иттилоъ доданд, ки ба муассиса барои духтани либосҳо аз дигар вазорату идораҳо фармоиш медиҳанд: Феълан барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 600 дона хилъат, матрас ва рӯйпуши ҷойгаҳ фармоиш додааст. Занон ҳармоҳ аз 90 то 100 сомонӣ маош мегиранд. Мошинаҳои занонро як ширкати хориҷӣ таъмин кардааст, - мегӯянд онҳо. Муассиса утоқи “Кошонаи ҳусн” ҳам доштааст. Бонуе, ки дар ин утоқ фаъолият дорад, зимни суҳбат бо мо гуфт, ки як ширкати хориҷӣ ба онҳо тарзи оро додани мӯй ва рӯйро омӯзонидааст. Хизматрасонӣ дар ин ҷо ройгон аст. Занон метавонанд ба наздиконашон маҳсулоти барои онҳо лозимро фармоиш медиҳанд, аз ҷумла ранг барои мӯй, ранг барои қош ва ғайра. Бо овардани маҳсулот ман ба онҳо бепул хизмат мерасонам. Хабарнигороне, ки қаблан дар муассиса барои инъикос омада буданд, зикр менамуданд, ки шароити муассиса аз қабл бамаротиб беҳтар шудааст. Гузаргоҳҳо саросар гулкорӣ шуда, роҳравҳо низ бо сангҳо ороиш ёфта буд. Фаввораи муассиса низ аз бо сангҳои зебо ороиш ёфта буд. Масъулини муассиса мегӯянд, ҳаммом ва роҳравҳои маҳбасро худи маҳбусон ороиш додаанд. Ба хабарнигорон ҳамчунин бинои масҷид барои мусалмонон, ки дар дохилаш китоби муқаддаси “Қуръон”  ҳаст,калисо барои масеҳиён, синфи компютерӣ ва китобхона низ намоиш дода шуд. Масъули китобхона, ки аз ҳисоби занони маҳбус аст, мегӯяд, ки аксари бонувон вақти холии худро ба мутолиа сарф менамоянд. Ба ғайр аз ошхонаи умумӣ, ҳамчунин барои маҳбусоне, ки аз хӯрокҳои ошхонаи умумӣистифода кардан намехоҳад, утоқи алоҳидае мавҷуд аст, ки онҳо метавонанд аз маҳсулоти овардаи пайвандонашон истифода карда, ғизои дилхлоҳи худро омода намоянд. Утоқҳо барои вохӯрии маҳбусон бо назикони худ низ дар шароити хуб қарор дошт.Бовуҷуд, барои хабарнигорон дидани манзарае, ки ду духтар ба дидорбинии модарашон омада буданд, осон набуд, чун онҳо зиёд гиря мекарданд. Ба гуфтаи масъулини муассиса бештар аз нисфи занон бо ҷурми қаллобӣ ба маҳбас афтодаанд. Гуфта мешавад, солиёни охир ва шиддат гирифтани буҳрони иқтисодӣ шумораи бонувони маҳбус аз рӯи моддаи 247 қисми 4-и Кодекси ҷиноӣ бештар ба муассиса ворид мешаванд. Тибқи маълумоти Парвиз Асадуллозода, роҳбари Муассисаи ислоҳии занон дар шаҳри Норак, дар зери назорати онҳо 339 зан қарор дошта, 167-тои онҳо бо кор машғул мебошанд. Гуфта мешавад 5- 6 фисади маҳбусзанон дигарбора ба муассиса афтодаанд. Мушкилии асосии муассиса ба гуфтаи сардори он, камии ҷои кор, яъне набудани сехҳои иловагист: Бештари занон хоҳиши кор кардан доранд, вале ҷои кор кам буда, сехҳои истеҳсолӣ низ кам мебошанд. Муассиса 8-гектар замин дошта, дар он карам, боимҷон, мош, гандум ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ кишт гардида, ҳосил ба даст меорем. Бо ин вуҷуд масъалаи ҳалли мушкили ҷои кор ҳамоно рӯ ба рӯст.  Мижгона Ҳалимова, аз Муассиаи ислоҳии занонаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Норак. Ин макола бо дастгирии молиявии cафорати Иёлоти Муттахидаи Амрико дар Точикистон нашр шудааст.
Зебунисо Гафори: «Женщина должна осознать своё предназначение и быть настоящей»
2018-10-30 11:27:21
В отдалённом горном регионе Таджикистана, в городке Калаихумб Дарвазского района Горно-Бадахшанской автономной области в гостинице «KARON Palace»  работает молодая красивая хрупкая девушка. О работе, о любви к родине и многом другом в интервью с директором отеля Зебунисо Гафори. - Зебунисо, очень  редко можно увидеть в горном суровом крае молодую красивую девушку, которая одна приехала работать и поднимать гостинично-туристический бизнес в регионе. Что вас подвигло поехать в Дарваз? - Со стороны может выглядеть немного странно. На самом деле был такой момент в работе, когда надо было что-то менять. Я понимала, что наладила работу моего проектного отдела и готова к чему-то новому как раз в такой период, ведь этот год был назван Годом развития туризма и народных ремёсел. Я с большим уважением отношусь к решениям Лидера Нации и полностью поддерживаю его в том, что туризм - это главный стратегический двигатель международных отношений, который способствует развитию экономики страны. У меня было много предложений, но именно это было самым заманчивым. Собственно, его я и приняла. Во-первых, моё руководство - доверие. Во-вторых, это абсолютно новая сфера для меня, а значит, новые возможности и вызов мне, как управленцу. Ну и наконец, это прекрасный Дарваз, самый красивый уголок моего любимого Таджикистана, в который  я влюбилась сразу - раз и навсегда. - Трудно было осваиваться на новом месте, в районе, где патриархат определяет менталитет? Вы руководите не только женщинами, но и мужчинами, как вам это удаётся? - Откровенно говоря, было очень сложно, особенно на первых порах. Мой персонал - это взрослые устоявшиеся люди, намного старше меня, и мне понадобилось много времени, чтобы изменить стереотипы в их понимании по поводу моего возраста и пола. Прежде всего помог опыт работы, который у меня был, я всегда работала с людьми старше меня и понимала, что они ценят уважение и признание. И я много над этим работала посредством тренингов и индивидуальных бесед. В городе всем было очень интересно, кто я, откуда и почему я здесь. Если честно, мне прямо говорили, что я тут и недели не продержусь. Но, спустя месяц, они убедились, что я на своём месте нахожусь заслуженно. Сейчас могу с уверенностью сказать, что смело ломаю стереотипы данного региона, и страхов никаких нет. - Насколько мне известно, показатели статистики за этот год в вашем отеле в привлечении туристов увеличились. Как вам удалось поднять уровень обслуживания? Какие секреты? - Да, в этом году в KARON Palace отдыхало более 2000 гостей из 50 стран мира. Прежде всего - это маркетинг, который раньше был налажен не так активно. Я считаю, что живя в мире инновационных технологий, многие недооценивают важную роль рекламы и PR. Благодаря компании ШЕДЕВР мы вышли на профессиональный уровень в этой сфере. Мы организовали несколько встреч со всеми туристическими компаниями и привлекли Комитет по развитию туризма. Ребрендинг нашей гостиницы и создание отдельного тура по Дарвазу благодаря компании ААА Тур помог нам привлечь новых туристов, ранее не бывавших в стране. Мы подготовили развлекательные и познавательные брошюры, сняли несколько профессиональных роликов про Дарваз и, конечно же, одно из главных наших достижений – начали сотрудничество с несколькими узбекскими туркомпаниями. Мои личные секреты открыть не смогу, дух конкуренции не позволяет. - С чего вы начали работу? - Конечно же, с персонала. Мы сменили имидж, поменяли видение, отношение к работе и создали единый корпоративный дух. На самом деле очень важно, чтобы каждый сотрудник ощущал себя нужным на работе. Когда обычная горничная осознаёт, насколько важна её работа и как от неё зависит имидж гостиницы - она начинает лучше и ответственнее относиться к своему труду. Я считаю это залогом успеха любой организации. - Какими секретами и методами работы можете поделиться со своими коллегами, работающими в других гостиницах в отдалённых регионах, ведь всё-таки туристы в Таджикистан приезжают в регионы, а не в столицу по большому счёту. - Я в этой сфере всего 7 месяцев, но опыт работы у меня более 12 лет. За эти 7 месяцев у меня изменился и подход, и принципы работы, ибо каждая сфера имеет свою специфику. Всё же я для себя выделила 5 принципов работы в регионе: 1. Иметь свою особенность (изюминку). Это может быть что угодно - единый цвет, дресс-код, национальный орнамент, подача еды, комплименты гостям от гостиницы, особые истории и легенды о местности и т.д. Всё, что может оставить незабываемый положительный отклик в сердце у вашего гостя. 2. Работать над качеством сервиса. Ни для кого не секрет, что у нас большая проблема с квалифицированными кадрами в стране, особенно в сфере услуг. Однако это не должно быть отговоркой ни для одного управленца, хороший качественный сервис - это хороший заслуженный доход. Над сервисом нужно работать терпеливо и долго. 3. Чёткое соблюдение норм в ведении финансов. Управленец должен не просто уметь считать деньги (а деньги любят счёт), но и чётко следовать установленным ценам и ставить цель достигнуть максимально возможную прибыль. 4. Быть открытым для персонала. Сотрудники из вашего региона знают явно больше, чем вы, прислушайтесь к ним, иногда они дают действительно хорошие идеи, которые вы в силах оформить и воплотить в реальность. 5. Ну и последнее: никогда, ни при каких обстоятельствах не проявлять слабость. Если ваш персонал или гость будет видеть в вас слабость, страх, нерешительность - всё рухнет. Всегда будьте уверенны в том, что вы говорите и делаете и доказывайте людям, которые работают на вас, что вы их не подведёте. - А что ещё отель может предложить туристам в Дарвазе? - KARON Palace расположен в центре города Калаи Хумб, который окружают величественные горы и чистые стремительные реки. Наш отель предлагает все услуги, соответствующие гостинице с 4 звёздами, а так же  тур на квадроциклах, экскурсию по окрестностям Дарваза и посещение курортной зоны «Чорчаман», поход в старый город Карон, стендовую стрельбу и охоту на диких животных и птиц. У нас имеются всё необходимое снаряжение для безопасного, но наполненного адреналином и драйвом досуга. - Зебунисо, вы раньше работали в Согдийской области? Чем отличаются эти регионы в плане возможностей для женщин? - Я бы не стала говорить за весь регион, так как женщины Худжанда имеют явное отличие от женщин Дарваза. Но то же самое можно сказать про Хорог и, к примеру, Ашт. Конечно, женщины  в сельской местности более уязвимы и находятся под давлением стереотипов и менталитета. В центральных городах регионов женщины уверенней в себе и решительно совершают те или иные поступки, смело идут в бизнес или работают на управляющих должностях. И возможностей всё же больше там, где развита инфраструктура и логистика, где есть поддержка от главы города, и где налажена система образования и связи. - Вы также говорили, что работали в женском НПО по проблемам женщин, расскажите немного об этом. - Да, после возвращения из США, благодаря своей сестре, я около года проработала в НПО "Вдохновение", где в основном была тренером-переводчиком. Мы объездили полстраны, общаясь с разными женщинами и детьми, которые подвергались насилию или были брошены. Смысл заключался в том, чтобы выслушать их, дать им надежду и объяснить: что бы не произошло в их жизни, пока они живы, всё можно исправить, забыть, пересилить и начать жить по новому, с чистого листа. Мы организовывали праздники, тренинги и семинары. Открывали швейные, кондитерские цеха и создавали рабочие места. Оказывали финансовую и психологическую поддержку женщинам и детям. Мы помогали детским домам продуктами, одеждой, играми и готовили их к взрослой жизни и получению документов. Это был колоссальный опыт в плане моральной подготовки к новой реальной жизни. -  Я знаю, вы обучаете персонал гостиницы, а о чём ещё, кроме навыков работы, вы рассказываете своим сотрудницам, чему учите женщин? - Чаще всего тренинги не посвящены нашей работе. Они больше психологические. К примеру, в августе я пригласила тренеров по проведению team building - целый день мы посвятили друг другу. Ломали барьеры, женщины и мужчины должны были сидеть или работать вместе, сообща и взаимовыгодно. Именно после этого дня я увидела сплочённость в коллективе и взаимопонимание. Кроме того, я за рациональное использование воды в любом месте, за сохранение чистоты и за экономичное использование продуктов питания. И, чтобы передать им важность перечисленного, я готовила материалы и ролики, показывала ситуацию в разных концах планеты, где, к примеру, дети Сирии собирали хлебные крошки с песка для того, чтобы приготовить суп, а малыши в Африке тратили 12 часов в день, стоя на одном месте, чтобы собрать воду с деревьв после дождя. Мой принцип в работе таков, что я никогда не выделяю никого по половому признаку, я могу выделить человека только за его заслуги и достижения. Мне всегда было важно, чтобы тренинги имели тематику: "Как правильно воспитывать детей" (несмотря на то, что своих у меня пока нет), «Что значит быть благодарным», «Что такое уважение», «Тайм-менеджмент и сколько стоит время», однако отдельно для женщин специального обучения не было, поэтому они учились всему наравне с мужчинами. - Вы можете сказать, какие проблемы женщин превалируют в вашем районе в общем? - Неразвитая система образования в общем, и особенно эта проблема актуальна для женщин. Чаще всего они остаются здесь и учатся на медсестру или швею. Это совсем неплохо, однако я всем сердцем желаю, чтобы у них был более обширный выбор. По плану, на следующий год я хочу написать пару проектов для этой сферы. А именно, привлечь зарубежных учителей по обмену. Так как я выпускница одной из программ посольства США, то с уверенностью могу сказать, что опыт получения образования там был решающим в формировании моего характера и мировоззрения, поэтому со следующего года постараюсь по максимуму агитировать школьников, особенно девочек, на участие в этих программах. Просто им кажется, что мир состоит из того, что они видят и к чему привыкли, но если открыть им другой мир, где мечты могут быть реальностью, и им стоит всего лишь усердно учиться – думаю, всё поменяется. Образованная женщина будет уверенней в себе, а значит, сможет себя обеспечить и за себя постоять, дать правильное воспитание своим детям и внести свою лепту в развитие нашей страны. Для меня знания - это всегда сила. -  Что для вас пребывание в Дарвазе? Это опыт, приключение? Что ещё? - Это, безусловно, огромный опыт и познание мира ранее мне не знакомого. Я впервые сделала некоторые вещи. К примеру, езда на квадроциклах, охота на кабанов и дичь. Но самое главное - я познакомилась с людьми - настоящими, открытыми, приближёнными к природе, трудолюбивыми и терпеливыми. Я многому у них научилась, просто наблюдая. Здесь всё для меня особенное. - Что необходимо женщине, чтобы стать успешной? Желание? Характер? Что ещё? - Прежде всего, она должна этого сама захотеть. Успех у каждого может быть свой.  Если женщина осознала, чего она хочет и в чём хочет достигнуть успеха, она должна иметь для этого силу воли и безоговорочно следовать собственным правилам. Я считаю, первое правило - это осознать своё предназначение и быть настоящей. Окружение - один из факторов, который либо поможет стать успешной, либо сломает вас. Важно не сломаться и быть стойкой. Нужно быть напористой и всегда верить в то, что именно у тебя всё получится. Быть в гармонии с собой и иметь чёткие цели. Как сказала Коко Шанель: "У вас не будет второго шанса произвести первое впечатление", а первое впечатление - это ещё одна ступень к успеху. Ну и, конечно, постоянное саморазвитие, ибо время идёт быстрее нас, а значит успех отдаляется от тебя, если ты стоишь на месте. - Что бы вы посоветовали женщинам в регионах, в частности в горном крае? - Школьницам я бы посоветовала стараться больше в учёбе и искать возможность получить бесплатное образование своими силами. Студенткам не торопится выйти замуж, а надо постараться для начала заработать хоть какую-то сумму, прежде чем вешать весь груз обязанностей на будущего мужа. Это важно, чтобы жена понимала, что зарабатывать не так-то уж и легко. Матерям - воспитывать своих детей в любви и внимании, многие малыши, которым по 2-3 года, могут целый день не видеть маму, которая всё время на работе и приходит уставшая, так как муж уже несколько лет в России на заработках. Ваш ребёнок не виноват в том, что вы родили его потому, что так надо. Я считаю, детей нужно рожать тогда, когда можешь всё ему дать - физически и материально. Милые женщины, научитесь любить и уважать себя и запомните: никто кроме вас в этой жизни вам не поможет. О себе: Гафарова Зебунисо, родилась в семье экономистов и финансистов. Своим характером, воспитанием и всем, что имею в жизни, обязана своему отцу Гафарову Тухтабою Гафаровичу и маме Шокировой Саломат. Окончила ХФТУТ по специальности "Экономика и управление", стипендиат программы посольства США, училась в колледже Айдахо по специальности "Бизнес-администрирование". Вела около 20 проектов, 14 из них - в рамках профессиональной финансовой деятельности, остальные проекты - мои личные, в сфере благотворительности. Я филантроп, с 17 лет стараюсь  помогать детям и детским домам. Стараюсь дважды в год посещать детский дом в городе Шурабе Исфаринского района вот уже 7 лет,  так как он находится далеко, и внимание доброжелателей до них не доходит. Имею более 20 сертификатов в разных областях: от финансов до аграрного сектора.  Работала в разных сферах - от директора модельного агентства до управляющей гостиницы. Побывала в 14 штатах Америки, в Канаде, Германии и в нескольких странах ЦА. Беседовала Гульнора Амиршоева Проект  «Свободый микрофон: женщины-журналисты помогают женщинам в регионах» финансируется Программой Малых Грантов Комиссии по развитию демократии Посольства США в Таджикистане.
30
ЧЛЕНЫ КОАЛИЦИИ
Мы открыты к новым предложениям о сотрудничестве и будем рады принять женщин-журналистов Таджикистана в наши ряды!
www.tcwj.tjinfo@tcwj.tj+992 98-726-00-41

Главная страница

Lorem ipsum dolor sit amet, consectetur adipiscing elit. Praesent et hendrerit lorem. Nulla eu mauris gravida, blandit tortor at, ultricies purus. Nam augue nunc, viverra eget nisi eu, scelerisque laoreet eros. In mattis urna tellus, ac semper libero semper eu. Sed quis turpis ut urna dignissim eleifend a eu arcu. Donec ornare ex in iaculis pretium. Quisque sit amet felis sed ante tempor dictum. Nunc ac ligula sit amet justo scelerisque efficitur. Suspendisse mollis augue neque, sed facilisis justo accumsan eget. Morbi tellus nulla, accumsan non pellentesque vel, porta a metus. Vestibulum quis tempus dolor. Mauris rhoncus mattis nisi nec elementum. Curabitur non convallis purus. Morbi dapibus ut tellus ac vulputate.

Aenean aliquet pellentesque urna, a congue lectus. Aliquam egestas malesuada ligula, vitae porta mauris mattis ac. Ut commodo nibh eget nunc scelerisque, id ultrices ante ultrices. Vivamus non felis fermentum, imperdiet metus vitae, vulputate lacus. Cras consectetur aliquam elementum. Mauris lacinia massa libero. Fusce vehicula felis dolor, et dapibus felis consequat a. Pellentesque orci tellus, dignissim dignissim ultricies eget, placerat ut orci. Aenean aliquet pellentesque urna, a congue lectus. Aliquam egestas malesuada ligula, vitae porta mauris mattis ac. Ut commodo nibh eget nunc scelerisque, id ultrices ante ultrices. Vivamus non felis fermentum, imperdiet metus vitae, vulputate lacus. Cras consectetur aliquam elementum. Mauris lacinia massa libero. Fusce vehicula felis dolor, et dapibus felis consequat a. Pellentesque orci tellus, dignissim dignissim ultricies eget, placerat ut orci. Aenean aliquet pellentesque urna, a congue lectus. Aliquam egestas malesuada ligula, vitae porta mauris mattis ac. Ut commodo nibh eget nunc scelerisque, id ultrices ante ultrices. Vivamus non felis fermentum, imperdiet metus vitae, vulputate lacus. Cras consectetur aliquam elementum. Mauris lacinia massa libero. Fusce vehicula felis dolor, et dapibus felis consequat a. Pellentesque orci tellus, dignissim dignissim ultricies eget, placerat ut orci. Aenean aliquet pellentesque urna, a congue lectus. Aliquam egestas malesuada ligula, vitae porta mauris mattis ac. Ut commodo nibh eget nunc scelerisque, id ultrices ante ultrices. Vivamus non felis fermentum, imperdiet metus vitae, vulputate lacus. Cras consectetur aliquam elementum. Mauris lacinia massa libero. Fusce vehicula felis dolor, et dapibus felis consequat a. Pellentesque orci tellus, dignissim dignissim ultricies eget, placerat ut orci.

Quisque sed viverra nibh. Fusce dolor dui, semper non pellentesque nec, volutpat eu dolor. Nam accumsan gravida odio, eu rutrum nisl fermentum eget. Proin malesuada pharetra quam, interdum tempor dui aliquam vel. Vestibulum sollicitudin commodo luctus. Ut vel commodo tellus. Etiam augue erat, ullamcorper id pulvinar at, pulvinar id ligula. Nulla placerat odio aliquet auctor euismod.

Suspendisse scelerisque sollicitudin nibh, eget mollis ipsum congue at. Maecenas sed mauris porta, tincidunt odio a, bibendum arcu. Morbi molestie orci lacus, ut lacinia magna cursus quis. Vestibulum id cursus urna, at porttitor felis. In lacinia enim in odio lacinia gravida. In ultricies tortor vel diam imperdiet cursus. Phasellus vitae elit id eros ullamcorper tristique at et mauris. Vestibulum vitae nisi in massa ultricies sollicitudin. Integer ac sem sed ipsum vehicula feugiat. Proin dignissim mi eget vehicula molestie. Suspendisse tristique et lacus et luctus.