Хабарҳо

Ғолиби озмуни Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон ба номи Бӯриниссо Бердиева дар соли 2017

Аввалин ҷоизаи Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон ба номи Бӯринисо Бердиева ба Адолати Мирзо, раиси Анҷумани байналмиллалии рӯзноманигорони форсизабон - «Афрӯз» ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Миллат» супурда шуд.

Имрӯз, 3-юми майи соли 2017 дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе Созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии озодии матбуотро ҷашн гирифта, дар оғоз аз қурбониёни роҳи озодии баён ёд карданд. Дар конфронс аввал оид ба мушкилоти журналистикаи тоҷик ҳарф зада, хулоса ва пешниҳодҳои худро баён намуданд.

Чун анъана, дар ин рӯз журналистони фаъоли кишварро бо ҷоизаю дипломҳо қадрдонӣ намуданд ва бори аввал «Ҷоизаи Эътилофи бонувони журналист ба номи Бӯриниссо Бердиева, барои саҳмгузорӣ дар журналистикаи тоҷик» ба Адолати Мирзо тақдим карда шуд. Ҳамчунин аз ҷониби доварон озмуни Эътилофи БЖТ дар бахши матбуот Саодат Исмоилӣ ва дар бахши телевизион Фирӯза Мирҷумъаева ҳамчун беҳтаринҳо дар соли 2017 эълон гардиданд.

Ба ғолибон аз ҷониби сарпарастони озмуни Эътилофи БЖТ – Сафорати Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон телефонҳои мобилӣ бо таҷҳизоти зарурӣ барои сабти аудио-видео ва ширкати мобилии «Билайн» модеми 4G бо интернети 3 моҳа, диплом ва китоб дар бораи Бӯриниссо Бердиева, супорида шуд. 
Рузномаи Миллат 

117
АЪЗОЁНИ ЭЪТИЛОФ
Мо барои мубодилаи афкор ва қабули аъзоёни нав ба сафи Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон омода ва хушҳол ҳастем.
www.tcwj.tjinfo@tcwj.tj+992 90-98-726-00-41