Ҷоиза

Ҷоизаи ҳамасола барои бонувони журналисти
Тоҷикистон

1. Холатҳои ​умумӣ
1.1. Ҷоизаи мазкур аз ҷониби Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
1.2. Мақсади таъсиси Ҷоиза: намоиши дастоварду муваффақиятҳои бонувони дар соҳаи ВАО-и ҶТ фаъолияткунанда ба ҷомеа, қадрдонии заҳмату меҳнатҳои чеҳраҳои чоизагиранда дар фаъолияти касбиашон, инкишоф ва муттаҳидсозии васоити ахбори омма. 
1.3. Ҷоизаи мазкур ба ҳамаи кормандони зан, ки дар соҳаи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон фаъолият менамоянд, омӯзгорони макотиби олӣ, ба собиқадорони журналистикаи ватанӣ, ки дар рушди ВАО-и Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд, ё ин ки бо фаъолияти пурсамари касбиашон ба ҷараёни муҳими ҷамъиятӣ таъсири мусбӣ расонида, маводу баромадҳояшон таъсири васеи ҷамъиятӣ дошта, ҳамчунон барои ҳифзу дастгирии манфиатҳои миллии кишвар ва ҷомеа, арзишҳои умумиинсонӣ, ҳамрайъии рӯзноманигорон, ҳифозати меъёрҳои касбӣ ва талоши машҳур намудани пешаи журналистӣдар миёни ҷавондухтарон, ҳамчунин баҳри баланд бардоштани макоми пешаи журналистӣ дар назди ҷомеа ва давлат бахшида мешавад.

2. Ҷоизаи мазкур дар 3 (се)номгуй пешниҳод мегардад. 
• Ҷоиза ба номи Буриниссо Бердиева барои саҳмгузорӣ дар журналистикаи тоҷик. 
• Беҳтарин журналисти соҳаи матбуот / ВАО-и онлайн.
• Беҳтарин журналисти соҳаи Радио/ТВ

3. Пешниҳоди номзадҳо барои довталабӣ ба Ҷоиза: 
a. Номзадҳо дар муҳлати муайян кардашуда бояд ба Эътилофи бонувони журналист дархости тасдиқшударо пешниҳод намоянд.
b. Намунаи дархости тасдиқ гардида дар саҳифаи фейсбукии Эътилоф мавҷуд буда, инчунин метавонед тариқи почтаи info@tcwj.tj дархосро талаб намоед). 
c. Муҳлати пешниҳоди дар хост: аз 10 июл то 30 августи соли 2018.

4. Ҷамбаст
a. Қарори бо Ҷоиза қадрдонӣ намудани номзадҳо аз ҷониби 6 коршиноси Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон қабул карда мешавад. 
b. Он журналистоне сазовори Ҷоиза мегарданд, ки соҳиби бештари овозҳои коршиносон мегарданд. 
c. Маросими Ҷоиза супорӣ санаи 8-уми сентябр дар Рӯзи байналмилалии ҳамбастагии рӯзноманигорон баргузор мегардад. 
d. Номзадҳои Ҷоизагиранда бо диплом ва мукофотҳои арзанда қадрдонӣ карда мешаванд.

117
АЪЗОЁНИ ЭЪТИЛОФ
Мо барои мубодилаи афкор ва қабули аъзоёни нав ба сафи Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон омода ва хушҳол ҳастем.
www.tcwj.tjinfo@tcwj.tj+992 90-98-726-00-41