Чашмандозе ба дунёи ҷавонӣ...

              

                                                                                             

                                                                                                         Ҳазорон даст агар дастат                                                                                                                                                    бигирад,

Ба як дасти худат н-ояд баробар.                                                                                                   Гулназар

Як ҳамсабақам зимни баҳс гуфта буд, “то ба кас роҳу равиши корро нишон надиҳанд, ӯ ҳеҷ гоҳ бо кӯшишҳояш муваффақ шуда наметавонад”. Он вақт чанде аз дӯстон бо ӯ ҳамрайъ шуданд.  Ман ва  се-чор нафари дигар ба ин гуфта муқобил баромадем. Бештарини ҳамсолонам бар онанд, ки агар дар ҳар кадом соҳа “худӣ” (инсайдер) набошед, ҳеҷ гоҳ дар коратон пешқадам буда наметавонед. Магарам ки фақат корди “тағодорон” дар болои равған аст!? Чаро намегӯем, ки фалонию бисмадонӣ ба шарофати машаққати пайвастааш ба чунин муваффақият расид. Наход дар байни пешқадамони ягон соҳа нафари “бегона” (аутсайдер) набошад? Кам нестанд, онҳое, ки “бетағо”- ву “бехола” ҳам роҳу равиши корро ёфтаанд. Дар мисоли чанд қаҳрамон ин масъаларо дида мебароем.     

Ба ҷуз омӯхтани илмҳои замонавӣ, аз ҳунарҳои мардумӣ низ воқиф шудан ба фоидаи кор будааст. Беҳуда намегуфтаанд, ки ҷӯянда- ёбанда аст.    Имсол дар хобгоҳи № 6- и донишҷӯёни ДМТ бо Шаҳзод ном донишҷӯи соли аввал шинос шудам. Вай ҳамсояи мо аст. Чанд вақт гузашту чашмам ба  лавҳаи  девории хобгоҳ афтод, ки одатан дар он донишҷӯён эълонҳояшонро насб мекунанд. Дар он эълон омадааст: “Дар ошиёнаи 6, хонаи 602 устои кафшдӯз аст. Номери телефон...” навиштагӣ буд. - Ин ҳамсояи рӯ ба рӯ усто будаасту мо бехабар гаштаем, - гуфтам худ ба худ. Худи ҳамон замон кафши даридагиамро гирифта, усто-Шаҳзодро суроғ кардам. Ӯ дар ҳуҷрааш саргарми кор буд. Вай дар як кунҷи коридор нишаста, кафши занонаеро медӯхт. Дар поёни курсиааш чанд ҷуфти пойафзоли мардонову занона мондагӣ буд. Дар тарафи чапи курсӣ калобаи ресмони канабӣ ва қуттичаи ширешдор меистод... Баъди ҳолпурсӣ ҷойи даридаи кафшамро ба ӯ нишон додам. Бо лабханди маънидорона: - Ҳеҷ гап нест, ака, ҳал мекунем” -  гуфт ӯ хушбоварона. Аз вай якбора ҳаққи дасташро ҳам пурсида гирифтам. Сонӣ,  ба усто – Шаҳзод савол додам, ки ин ҳунарро чӣ хел ёд гирифтааст.  - Бобоям кафшдӯз буд. Ба кори ӯ зеҳн монда ёд гирифтам. Дар аввалҳо кор бо дирафш душвор буд. Нӯги ангуштонам чандин бор захмин шудаааст. Ҳангоми дӯхтани даври кафш борҳо ресмонро хато гузаронидаам. Хато карда-хато карда ёд гирифтам. Бобоям кори хатоямро дида, худаш  аз нав медӯхт. Ё аз дӯконаш кафши якпояи нодаркорро ёфта медоду “канӣ, дӯхтанро машқ кун-чӣ” – мегуфт. Хати рости кафшро дӯхтан лозим бошад: “Ма, ресмону дирафшро гиру дастата рост кун” – гуфта нигоҳ карда меистод. Ҳамин хел каму беш ин ҳунарро ёд гирифтам. Ҳозир чойпулию роҳкиропулиамро худам меёбам.  Ҳам  бо баҳонаи ин касб Шумо барин чандин ёру ҷӯраҳо ёфтаам, - қисса кард усто-Шаҳзод. Бубинед, Шаҳзод бо ҳидояти бобо ва ҳаракати худаш ҳунардор шудааст. Аҷаб нест, ки  рафта – рафта ҳунари кафшдӯзӣ дар ӯ ғояи ташкили  ягон корхонаи истеҳсолии марбут ба пойафзолро бедор кунонад. Муҳим он аст, ки ин ҷавон интизори дастгирӣ нест. - Санги вазбинро об намебарад, - гуфтани гапро вай медонад. Аз ин ҷост, ки  ба пойи худ рост истоданро таҷриба карда истодааст. Ба ӯ барори кор хоҳонем!        

Гарданшахҳо  – ин унвони аксар ҷавонҳои имрӯза гӯем, дупа-дуруст меғалтад. Ин типи ҷавонҳо интизори дастгирӣ ва ёрдами муфти “тағо” - ву “хола”-ҳояшон ҳастанду бас. Шояд ба ин муғамбирии мо гунаҳкори асосӣ Интернет бошад. Тасаввур кунед, агар банохост барои дастрасӣ бо интернет ягон проблема сар зада монад, оператори бечораро бо дағалгапӣ  мешӯронем. Агар бо ӯ кор напазад, офиси ширкатҳоро рафта охурча мекунем. Ҳамаи ин даводав, бемуҳобот, барои пайвастан ба тори анкабут, ҳамту не.  Кош, ин “олами бедарвоза” – ро ба фоидаи худамон кор фармоем. Ба саду як саҳифаву гурӯҳҳои “намешуданӣ” меҳмон шуда мегардем. Ҳавои бад нек мешавад, одами бад – не, гуфтаанд гузаштагон, ки ба рост буданаш шаке нест.  Оё иддаеро медонед, ки ба набудани интернет қаноат карда шинанд, як дари баста, сад дари кушода гуфтаанд. WI-FI бемалол дар хизмат асту маҳдуд шуда нишинанд – мӣ? Хайрият, дар ин ҷоҳо ҳам кам-кам “лимит” ҷорӣ кардаанд. Набошад, бутун тамом буд.

Номи қаҳрамони дигарамро  намегӯям. Ӯ низ яке аз ошноҳои деринаам аст ва аз ҳамон иддае аст, ки бе интернет рӯзро шаб намекунад. Агар ин сатрҳоро хонда монад, шояд аз ман сахт хафа шавад. Ҳарчӣ бодо бод!  Ин қаҳрамони ман ягона нест, дар ҷомеаи мо ӯ баринҳо лак-лак аст. Беҳтараш ба ӯ номи рамзии “Қаҳрамон” медиҳам. Падари  Қаҳрамон соҳиби ду ҳунар ӯ сартарош  ва электрики мошин ҳастанд. Он кас аз писарашон исрор кардаанд, ки “биё, бачам, кори мана ёд гир!”. Лекин  ҳар бор ҷавоби рад гирифтаанд. Диданд, ки зориву тавалло ба ӯ  кора намекунад, “чор тарафат қибла” гуфтаанду мондаанд. Ҳунарашонро ба писари хурдӣ ва фарзандони шиносҳо омӯзонда истодаанд. Дар як нишасти ҳамсинфон фаҳмидам, ки ӯ ҳозир дар ким-кадом қаҳвахона пешхизмат будааст. “Оби дари хона –тира” – гуфтани халқ ҷон доштааст. Бархе дар пеши роҳашон ончунон дарҳои кушода доранд, аммо ба он сӯйи нур як қадами устувор гузоштан наметавонанд.     

Шариф-ако ном ҳамсоя доштем. Аз синфи 9 - уми дар сохтмон “подсобник”- и устошуда кор мекард. Модараш-холаи Санавбар пеши чанд устоҳои машҳур рафтааст, то писарашро ба шогирдӣ мононад. Аммо устоҳо бо чанд баҳонаи маснӯӣ дархости модарро рад мекунанд. Шариф-ако 6-7 сол мардикорӣ карда, аробаи зиндагиро мекашад. Баъдан, дар рафти кор як нонвойро вохӯрда мемонад. Нонвой ӯро ба шогирдӣ мегирад. Ин ҷавони ба хунукиву гармӣ  обутобёфта дар зарфи як сол аз нонвои таҷрибадор ҳама нозукиҳои нонвойиро меомӯзад. Инак, 5 сол мешавад, ки нонҳои равғанини Шариф-ако дастархони сокинони маҳаллаи Устоҳои ҷамоати Ёваро зеб медиҳад. Инчунин ӯ бо мошинаш ба мағозаҳои шаҳри Хуҷанд нонҳои хушрӯро бурда тақсим мекунад. Дар нонвойхонаи ӯ ба ғайри оилааш бо 2 нафар ҳамсояаамон ба кор ҷалб шудааст.  Шариф-ако тавонист, ки новобаста ба  меҳнати ҷонкоҳ корро давом диҳад ва  дар ҷамъият ному нони  худро ёбад. Ӯ  барои  мо ҷавонҳо  намуна аст. Мисли нонҳои мепухтаатон гармрӯву сурхинарӯй  бошед, Шариф – ако! 

Насли нав мафҳуми иқтисоди бозаргониро то куҷо медонад!? Албатта, ҳама гуногун мефаҳманд. - Дар  ин низоми иқтисодӣ талаботи асосӣ  ҳамин аст, ки аз ҳама зӯр бошед. Миёнаҳол ё суст  буданатон ҳеҷ вақт ба кор намеравад. Новобаста ба ихтисосатон дигар ҳунарҳоро ҳам ёд гиред, бохт намекунед. Ҳикмати “ба ҳар ҷавон 40 ҳунар кам аст”  дар замони гузашта буд. “Имрӯз  100  ҳунар кам аст” – гӯем хато намекунем. Хусусан, духтарон бояд якчанд ҳунарҳоро дошта бошанд, хуб аст, - гуфта буданд профессори кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ, Азимҷон Азимов дар ҷамъбасти як дарсашон. Мегӯянд, ки ё зангии занг бош, ё румии рум. “Фалон усто бадаступо аст, ба табъи дил кор мекунад, дасташ сабук” – гуфта ҳунармандро кофта мегарданд. Андешаҳои дар андешаҳо ҷо гирифта, аз ҷумла, дар ҷойҳои ба қавле равғанин “тағодроҳо” – ро ба кор мегиранд, ё ба пулдор вазифа медиҳанд,  кӯҳна шудааст.  Хулоса баровардан мумкин аст, ки дар бозори меҳнат хостгор пайдо кардану бехаридор мондан ҳам дар дасти худи мост. Дар “Розҳои раҳовард” – и нависандаи маъруф Баҳманёр омадааст: “Гузашта - хокистар, оянда - дуд, танҳо ҳозира - оташ аст.”  Акнун суоле ба шумо, ки посухаш ба амри виҷдон аст, дар ҳозира чӣ гуна бояд бошем!?

Файзуллохон ОБИДОВ,

иштирокчии “Мактаби журналистони навқалам”

              

 

117
АЪЗОЁНИ ЭЪТИЛОФ
Мо барои мубодилаи афкор ва қабули аъзоёни нав ба сафи Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон омода ва хушҳол ҳастем.
www.tcwj.tjinfo@tcwj.tj+992 90-98-726-00-41