Ҷасорати модари тоҷик беназир аст

 

Аё эй модари тоҷик, ту дигар он зане нестӣ, ки сад, яксаду бист сол пеш будӣ. Дигар ту озодӣ, баробари мардҳо дар идораҳои давлатӣ кор мекунӣ, ҳуқуқи худро соҳибӣ. Ту ҳамон зане ҳасти, ки баҳри озодии худ мубориза мебарӣ ва ба қурбониҳову машаққатҳои ин роҳ нигоҳ накарда, танҳо ба пеш роҳ ба сӯи ояндаи нек нотарсона қадам мегузорӣ. Дуруст дар аввал бароят осон набуд, чунки аллакай ба тақдират тан дода будӣ ва ба зулму ҷабри замона дандон ба дандон монда тоқат менамудӣ. Боварӣ доштӣ, ки рӯзи нек фаро мерасад. Бо ҳамин орзуву умедҳо ба ҳамаи ин бедодгариҳову азобҳо сабурона зиндагӣ кардӣ. Ниҳоят он рӯзи деринтизор фаро расид. Тирамоҳи заррин бо омадани худ ин муждаро ба ту расонид. Баъд аз шунидани он, ки дар Бухоро инқилоб шудаасту дигар ҳама баробарҳуқуқанд, занҳо дигар ба мисли зочае нестанд, ба худ қадру қиммат доранд. Акнун ту озод ҳастӣ, метавонӣ хонда саводнок шаваӣ ва  дар идораҳо баробари мардон кору фаъолият кунӣ.

Бале, ба ту ин ҳама аҷиб намуд, ҳатто дар дилат як гуна нобоварие пайдо шуд. - Наход, ки ин ҳама мумкин бошад? Дигар ман метавонам хонда босавод шавам? Мегӯянд, ки аз ин пас занҳо бе фаранҷӣ мегарданд. Оё ин чӣ тавр мешуда бошад? Ба ин мардҳо чӣ мегуфта бошанд? – Ин ҳама фикру андеша дар сарат давр зада, як лаҳза туро аз ин роҳ доштанӣ мешуданд. Аммо ту ин ҳамаро аз дилат дур намудӣ. Чунки ту ташнаи озодӣ ва илму фан будӣ.

Бо худ аҳд намудӣ, ки баҳри озодии худ мубориза барӣ. Натанҳо баҳри озодии худ, балки барои озодии тамоми занони тоҷик мубориза бурдӣ. Боз садҳо, ҳазорҳо нафар ҳамроҳ шуда, туро дар ин роҳ кӯмак намуданд. Онҳо низ ба мисли ту баҳри озодии худ ва дигар занону духтарон бо ҳам китф ба китф истода бар зидди ҷоҳилони замона мубориза бурданд.

Дар Бухоро клуби занона ташкил гардид, ту довталабона баҳри пешрафти кори клуб камари ҳиммат бастӣ. Хобу хӯрро фаромӯш намуда, шабу рӯз духтарону занонро барои савод омӯхтан тарғибу ташвиқ мекардӣ. Дар аввал бисёр занҳо аз омадан ба ин клуб тарсиданд, ҳатто нафарони бадбине буданд, ки мактаби туро “шаҳватхона” ном гузоштанд. Ту аз ин ҳама ғамгин ҳам гашта бошӣ, вале барқасди душманонат боз ҳам пурзӯртар ташвиқот бурдӣ.

Ниҳоят яке аз шумо ҷасорат намуда, бефаранҷӣ ба кӯча баромад. Ӯ аз ин амали худ гарчанде дар дил ҳарос дошт, аммо тарсу ҳароси худро нишон надод, баръакс далерона қадам зад. Мардум ба ӯ бо чашми ҳайрат нигоҳ карда байни худ пичир-пичир мекарданд. Гарчанде инқилоюб ғалаба карда буд, аммо то ҳол тухми золим ба пуррагӣ нобуд нагардида буд. Баъзе аз мардҳо ба тарафаш бо нафрат нигоҳ мекарданд, қисме тарафи ӯ санги маломат мезаданд. Буданд нафароне, ки ба ӯ бо чашми ҳавас нигоҳ намуда дар дил ба ӯ таҳсин мехонданд. Аммо он зани ҷасур ба ин ҳама нигоҳҳои бадхашмона эътибор намедод. Ӯ сари худро бо ифтихор баланд бардошта байни кӯчаҳои пурчанги шаҳр роҳ гашта аз ин рафтори худ меболид. Дар лабони нозукаш табассум, дар рӯяш як ҳисси ифтихорманд аён буд. Охир ӯ яке аз нахустин зане буд, ки пас аз ҳазорсолаҳо фаранҷии худро бадар намуда буд. Ин як қаҳрамоние буд баҳри ту эй зан. Ту ба ӯ аз дур нигоҳ мекрдиву бо худ меболидӣ, хурсандии ту ҳадду канор надошт, аммо ин хурсандиатро низ дида натавонистанд. Ногоҳ садои даҳшатноке баланд гардид, аз дур ба ту намоён гардид, ки чӣ тавр он зани ҷасур ба замин афтод. Бо тамоми қувва тарафи ӯ давидӣ, вақте ба сараш расида омадӣ, он зани ҷасур оғӯштаи хун дар болои раҳ хоб буд. Бо ханда тарафи ту нигоҳ карду ҳамин суханҳоро зери лаб овард:

 

“Ман мемирам, аммо шуълаи инқилоб хомӯш намегардад. Бо онҳо мубориза баред нагузоред, ки бар мо ғалаба кунанд. Мо метавонем...”

Боз чизе гуфтанӣ буду аммо натавонист, аҷал ҷони ӯро аллакай гирифта буд. Аз марги нобаҳангом мисле шери жаён фарёд кашидӣ ва ба худ қавл додӣ, ки: “То ҷон дар бадан дорам, бо ин фосиқҳо меҷангам. Онҳо туро кушта ба оташ равған рехтанд. Озодии мутлақро соҳиб мешавем”.

Дар ин роҳ бисёриҳо қурбон гардиданд. Ба ин ҳама ту боз ҳам пурхашму пурқувват шуда, баҳри озодии худ ва дигар мазлумаҳо ҷангидӣ. Ниҳоят ту бефаранҷӣ, озодона баробари мардон баҳри ободӣ меҳнат мекардӣ. Ту раис, ту коргар, ту идоранишин, ту тракторчӣ, ту механик дар ҳама кор аз мардони камӣ надоштӣ. Озодии туро дида бо худ меболидам ва фахр мекардам, ки зан - модар ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, мубориза бурд ва имрӯз қуллаҳои баландро фатҳ намуд.

Аммо имрӯз ту зани ҷасуру муборизро дида, на он қадар хурсанд шудам. Чунки аввал ту баҳри зиндагӣ бо хоҳишу шавқи зиёде ба кор машғул мешудӣ. Чунон саргарми ташвиши зиндагӣ шудӣ, ки дигар шавҳар туро тарк кард. Ту худ имрӯз маҷбур ҳастӣ, корҳои сангинро иҷро намоӣ, то зиндагиатро пеш барӣ. Имрӯз зан дар сари чанбараки троллейбус, зан аробакаш, зан коргари шахта, зан корҳои сиёҳро анҷом медиҳад. Дарк мекунам, ки ин ҳама корҳоро ту бо хоҳиши худат намекунӣ, ба ту ҳам мушкил. Фарзандони ноболиғ дорӣ, онҳоро бояд таъмин кунӣ. Модар ҳамеша дар ғами фарзанд аст, худ намехӯрад фарзандро мехӯронад. Фарзанд сер бошад, модар ҳам сер аст.

Ту нахостӣ оилаатро бо пули ҳаром хӯронӣ. Бинобар ин, ту ин роҳро интихоб намудӣ. Гарчанде кори пурмашаққат бошад ҳам, ба ту аҳамияте надорад. Муҳимаш луқмаи ҳалол ёбӣ ва фарзандонатро бо луқмаи ҳалол бузург менамоӣ. Оянда фарзандҳоят бузург шаванд, дастёрат гарданд. Ва хизмати халқро намоянд ва нагузоранд, ки сари ту миёни мардум хам гардад.

Бо ин ҳама азобу уқубат ту доим сабур ҳастиву ин ҳама сахтиро таҳаммул менамоӣ. Ташаккур ба ту эй зан, модари муборизу ҷасур. Идат муборак, фариштаи меҳр. Ҳар рӯзу лаҳзаи умр бароят ид бодо.

Бахтиёр РАҲМАТУЛЛОЕВ, 

иштирокчии “Мактаби журналистоин навқалам”

117
АЪЗОЁНИ ЭЪТИЛОФ
Мо барои мубодилаи афкор ва қабули аъзоёни нав ба сафи Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон омода ва хушҳол ҳастем.
www.tcwj.tjinfo@tcwj.tj+992 90-98-726-00-41