Маҳсули дастони кӯдакони имконияташон маҳдуд ба намоиш гузошта шуд

 

Шурӯъ аз 21 то 30-юми декабри соли равон, Ташкилоти ҷамъиятии "Назари дигар" намоиши онлайнии маҳсулоти омоданамудаи кӯдакони дорои синдроми даунаро дар шаҳри Хуҷанд баргузор намуд.

Намоиш ба хотири хушҳол гардонидани кӯдакони дорои ин маризӣ дар арафаи соли нави мелодии 2021 бахшида шудааст. дар намоиши мазкур, кӯдакон бозичаҳои солинавии сохтаашонро пешкаши харидорон намуданд.

 "Маблағи бадастомада аз фурӯши ҷавоҳирот, табрикномаҳо ва бозичаҳои солинавӣ ба худи бачаҳо сарф карда мешавад. Дар арафаи соли нави мелодӣ ба кӯдаконе, ки аз саросари ҷумҳурӣ дар қайди “Назари дигар” қарор доранд, тӯҳфаҳо тақдим карда мешавад."- гуфт Алия, яке аз ташкилкунандагони чорабинӣ.

Ба гуфтаи ӯ, хоҳишмандон барои иштирок дар ин намоишгоҳ зиёд буданд. “Аз сабабе, ки машғулиятҳои мо дар бинои марказии "Назари Дигар" дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегарданд, танҳо  бачаҳое, ки ба дарсҳо омада,  фаъолона иштирок ва хунарнамоӣ мекарданд, ширкат варзиданд. Тақрибан 15 нафар кӯдакон дар машғулиятҳои мо иштирок намуданд”,-илова намуд ӯ.

"Назари дигар"  ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ моҳи апрели соли 2020 расман ба қайд гирифта шудааст. Бо ташаббуси волидони кӯдакони гирифтори синдроми дауна аз моҳи марти соли 2019 таъсис ёфта, фаъолият менамояд. 

Саҳобахон ҶӮРАЕВА,

иштирокчии Мактаби журналистони навқалам

 

 

117
АЪЗОЁНИ ЭЪТИЛОФ
Мо барои мубодилаи афкор ва қабули аъзоёни нав ба сафи Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон омода ва хушҳол ҳастем.
www.tcwj.tjinfo@tcwj.tj+992 90-98-726-00-41